ВИДЕО: “Инқилоб”-и сурудхонии духтарчаи суриягӣ дар интернет
Навори таронасароии Ҷин Боу Ҳамдан, духтари 9-солаи суриягӣ яке аз сербинандатарин наворҳои Ютуб мешавад. Давоми 10 рӯз ин видеоро беш аз шаш миллион маротиба тамошо кардаанд.
Номи ин суруд, ки бо арабӣ сароида шудааст, дар тарҷумаи таҳтулафзии тоҷикӣ “Кӯдакиро ба мо баргардонед, сулҳро ба мо баргардонед” мешавад ва рӯзи 2 январи соли 2016 дар Ютуб гузошта шудааст. То замони нашри ин хабар он 6 278 226 бор тамошо шудааст.
Ҷин Боу Ҳамдан ин таронаро дар бахши кӯдаконаи озмуни маъруфи “Садо” (The Voice Kids) иҷро кардааст.
Ин суруд аслан ба Реми Бандалӣ, овозхони лубнонӣ таалуқ дорад. Бандалӣ онро ба хотири кӯдакони лубнонӣ, ки 15 сол дар шароити ноорому ҷанг зиндагӣ мекунанд, бахшида аст.