Фармони Э.Раҳмон барои барканории Олимов баъди розигии Путин, Ҷинпин, Каримов ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12 январ бо сабаби ба кори дигар гузаштан, фармони барканории Рашид Олимов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Чинро имзо кардааст.
Тибқи ин фармон инчунин Олимов аз мақоми намояндаи доимии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай озод гардид.
Фармони барканории Олимов дар пайи розигии раҳбарони Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Узбакистон барои таъини ин дипломати тоҷик ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай имзо гардид. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони гузашта дар УФА ҳосир шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон ба ин мақом изҳори миннатдорӣ карда буд.
Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 ташкил шуда, феълан Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Узбакистон узви он мебошанд. Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд.
Рашид Қутбуддинович Олимов, ки дабири нави ин созмон таъин мешавад, 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон(1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ (1990) мебошад. Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 то ҳол ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекард.