Мурод Хол: Барои ҳукумат муҳим аст, ки ширкат андозсупорандаи хуб бошад
Дар кони "Покрӯд"-и ноҳияи Ваҳдат беш аз 28 тона тилло дарёфт шуда, мутахассисон 40 тонна тиллои дигарро бозҳисоб кардаанд. Дар ин бора Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон дар имрӯз, 12 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе хабар дод.
Қаблан, ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited аз оғози истихроҷи тилло аз кони Покрӯд хабар дод. Ба иттилои Ву Сян, як масъули ин ширкат нахустин хӯлаҳои тилло дар Покрӯд 29 декабри соли 2015 рехта шуданд.
Мурод Хол, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон гуфт, бар асоси муқаррарот ширкати чиноӣ маҳсулоти тавлидкардаашро танҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад: “То имрӯз ягон кило метали қиматбаҳо ба берун набаромадаст, ҳукумат қудрати харидории маҳсулотро дорад”.
Ба қавли ҷаноби Хол, танҳо дар сурати мушкили молӣ бо қарори ҳукумат ширкат иҷозаи дар хориҷ фурӯхтани маҳсулотро пайдо мекунад.
Ӯ дар робита ба саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар кони Покрӯд гуфт, барои ҳукумат муҳим нест, ки чӣ миқдор саҳм дорад. Балки масъалаи аввалиндараҷа ин аст, ки ширкат андозсупорандаи хуб бошад ва молиётро пайваста пардохт намояд.
Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) дар гузашта эълон карда буд, барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд. Луо Тао, раиси ин ширкат дар суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд, тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз кони Покрӯд бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.
Тибқи ҳисобҳои қаблии геологҳои тоҷик дар кони тилои “Покрӯд” беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120 километрии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат воқеъ аст.