(ВИДЕО) Посухи муфтӣ: Кабирӣ вақти салом чӣ гуфт ва чаро толорро тарк накардед?
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, имрӯз, 12 январ ба суоли хабарнигорон, ки “чаро вақти дидани Кабирӣ дар конфронси Теҳрон толорро тарк накардеду Кабирӣ вақти салом чӣ гуфт?” посух дод.
Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки аз ҷониби сафорати Тоҷикистон ба мо гуфтаанд, ки Эронро огоҳ кардаанд, то ягон намояндаи ҳизби террористии наҳзати исломиро ба конфронс даъват накунад. Ӯ гуфт, дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон дар наздаш яке аз бузургҳо Алӣ Акбар Вилоятӣ нишаста буд ва баъди 5 дақиқаи ҳузурашон дар толор оқои Кабирӣ низ ворид шудааст. Ӯ хостааст толорро тарк кунад ва сӯи сафир ишора кардааст, аммо ҷавобе нашунида, ночор дар ҷояш нишастаст.
Дар мавриди суҳбати Кабирӣ баъди саломкунӣ, Абдулқодирзода изҳор дошт, ки ӯ дар издиҳом даст дароз кард. Ба гуфтаи Абдулқодирзода Кабирӣ баъди дастдарозкунӣ баъзе эъродҳояшро баён карданӣ шудааст, аммо муфтии Тоҷикистон бо назардошти ҳузури намояндаҳои кишварҳои гуногун ва дастгоҳҳои зиёди наворбардорӣ дар толор изҳор доштааст, ин ҷо - ҷои баҳс нест: "Террорист аст, душмани миллат аст, ҳама чиз ҳаст, аммо дар байни садҳо камераҳо ва намояндагони миллатҳо даст дароз кард, мо даст додем, зеро даст дароз накардан ба фикрам аз фитрати инсонӣ берун мебуд. Баъзе эъродҳо баён кард, ки ман гуфтам худат беҳтар медонӣ ва ин ҷо-ҷои баҳс нест”.
Қаблан Тоҷикистон даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба Теҳрон маҳкум карда, онро хилофи дӯстӣ хонд. Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъаи гузашта Кабириро террористи рақами як хонда, Эронро ба пуштибонӣ аз ҲНИТ муттаҳам кард.
Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.