Ил-76 барои осебдидаҳои заминларзаи Тоҷикистон 32 тона кумак меорад
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз тасмим барои ирсоли кумаки башардӯстона ба осебдидаҳои заминларзаи рӯзи 7 декабр дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, кумаки мазкур беш аз 32 тоннаро ташкил дода, тавассути ҳавопаймои Ил-76 ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Манбаъ гуфтааст, кумакҳо асосан аз хайма, болопӯш ва неругоҳҳои хурди сайёр иборатанд.
7 декабри соли 2015 Тоҷикистонро як заминларзаи шадид такон дод. Дар пайи ин зилзила 2 нафар ба ҳалокат расида, даҳ тани дигар ҷароҳат бардошт. Зарари ин зилзиларо мақомоти Тоҷикистон зиёда аз 24 миллион сомонӣ гуфтанд.