Барканории ду корманди Агентии назорати маводи нашъадор
Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ду корманди баландпояи ниҳодашро аз мақомашон барканор кардааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, барканории муовини сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва сардори Шӯъбаи амнияти дохилии агентӣ 9 январ дар пайи натиҷагирӣ аз фаъолияти оперативӣ-хизматии оҷонсӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 сурат гирифтааст: “Сардор ва муовини сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Раёсати сайёри Оперативӣ барои нишондоди паст дар фаъолияти хизматӣ ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии агентӣ дар соли сипаришуда оид ба иҷрои бандҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиётҳои муштарак ва машқҳои тактикӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ муҳокима гардидаанд: “Диққати асосӣ ба решакан кардани содир намудани ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ дошта аз тарафи ҳайати шахсӣ, мустаҳкам намудани интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсӣ аз тарафи ҳар як корманди Агентӣ оид ба иҷроиши вазифаҳои хизматӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои дигар бо мақсади ташкил ва гузаронидани амлиётҳои муштарак, ба ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки хислати фаромиллӣ доранд, равона карда шуд”.