Пайомади ҷаҳиши $ дар Бадахшон: Барқ ҳам ҳар рӯз қиматтар мешавад...
Бархе аз сокинони Бадахшон бо ирсоли як паём ба унвонии “Озодагон” аз болоравии рӯзмараи нархи барқ дар вилоят шикоят карданд.
Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон ширкати “Помир Энержӣ” нархи барқро бо назардошти қурби доллар ҳисоб мекунад: “Дар пайи боло рафтани қурби доллар нархи ҳар киловат барқ низ дар Бадахшон тақрибан ҳаррӯза боло рафта истодааст”.
Дар ҳоле, ки сокинони навоҳии дигари Тоҷикистон барои ҳар киловат барқ 11 дирам месупоранд, ба гуфтаи сокинони Бадахшон дар пайи болоравии қурби доллар нархи як киловат барқ дар вилоят марзи 20 дирамро убур кардааст.
Масъулини “Помир Энержӣ” имрӯз, 11 январ ҳозир нашуданд, ки қазияро ба “Озодагон” шарҳ диҳанд, аммо қаблан бо нашри як муроҷиатнома тасдиқ карданд, ки болоравии нархи барқ ба афзоиши қурби доллар рабт дорад. “Памир Энержӣ” қаблан изҳор дошт, ки мувофиқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержӣ», дар мувофиқа бо хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ҳаққи як киловатт нерӯи барқ бо арзи хориҷӣ 2,75 сент барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ 5,16 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар гардидааст: “Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беқурбшавии пули миллӣ нисбати арзи хориҷӣ (доллари амрикоӣ) барои ба танзим даровардани нархи ҳаққи пардохти нерӯи барқ нисбати арзи хориҷӣ тибқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» амал менамояд. Чун қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ то андозае паст рафт, ҳаққи қувваи барқ, агарчи бо доллар бетағйир монд, вале бо сомони қадре баланд рафт”.
Ин дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ 1 январи соли 2014 ба 4,77 сомонӣ, 1 январи соли 2015 ба 5,31 сомонӣ ва 11 январи соли 2016 ба 7,25 сомонӣ баробар шудааст. Яъне агар муштарӣ соли 2014 барои як киловатт соат қувваи барқ, мутобиқ ба қурби доллар бар сомонӣ, 0.13,1 сомонӣ мепардохт, моҳи январи соли 2016 аллакай 20 дирам мепардозад. Ин дар ҳолест, ки расман нархи барқ дар Бадахшон боло нарафтааст.
«Помир Энержӣ» мегӯяд, аз рӯи шартномаи консессионӣ нархи миёнаи қувваи барқро то имрӯз бояд наздики 4 сент таъин мекард: “Вале, вазъи иҷтимоии муштариёнро ба назар гирифта, ширкат нархро боло набурдааст”.
Ҳисобукитоби ҳаққи барк бо доллар дар Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бояд бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Ин ниҳоди назораткунанда илова намуда буд, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.