Ҳушдори Crisis Group аз хатарҳои дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон
Гурӯҳи байналхалқии бӯҳроншиносӣ ё худ International Crisis Group -ICG, як созмони мустақили ташхисии мустақар дар Брюссел аз хатарҳои дохилию хориҷӣ ба амнияти Тоҷикистон ҳушдор додааст.
Ин созмони байналмилалӣ, ки ба нияти ҷилавгирӣ аз даргириҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон соли 1995 таъсис ёфтааст, бо нашри як гузориши ҷадид, Тоҷикистонро қашоқтарин кишвари Осиёи Миёна хондаст, ки асосан аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даромад мегирад.
Бо зикри фасоди фарогир, бемасъулиятии бархе аз мансабдорон дар Тоҷикистон ICG инчунин аз нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла иттиҳоди ҷангиён аз Осиёи Марказӣ бо Толибон ҳушдор додааст. Созмон таъкид намудааст, ки Русия кафили асосии амнияти Тоҷикистон, аз ҷумла амнияти марзи 1400 километрӣ бо Афғонистон мебошад. ICG инчунин аз бастани ҲНИТ ва камбуди таҳаммулгароӣ зикр карда, илова намудааст, ки мақомоти тоҷик паёми рӯшан медиҳанд, ки дар саҳнаи сиёсии кишвар на барои дигарандешони дунявӣ ва на динӣ ҷой нест.
Созмони буҳроншиносӣ гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон таъсири ночиз доранд, аммо Русия ва онҳое, ки ба ҳукумати Тоҷикистон таъсир доранд, бояд ба фазое дар Тоҷикистон омода бошанд, ки барои ифротгароён хеле мусоид хоҳад буд.
Гузоришгарон инчунин аз маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон сухан карда, афзудаанд, ки нигаронии Маскав аз мухолифати дохилӣ алайҳи ҳукумати феълӣ низ дар ҳоли афзоиш аст.
Маркази буҳроншиносӣ илова намудааст, ки бозгашти 300-400 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар соли 2015 иқтисоди Тоҷикистонро, ки 40% аз маблағи муҳоҷирон вобаста аст, дучори мушкил кардааст: “Фазои на он қадар мусоиди иқтисодӣ, фасод ва дигар омилҳои манфӣ кӯмакҳои донориро низ ба Тоҷикистон маҳдуд кардаанд”.
Дар баробари ин гузоришгарон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон иттилоъ дода, таъкид намудаанд, ки ба ин раванд бархе аз масъулини давлатӣ низ ворид мебошанд.
Дар охир Созмони буҳроншиносӣ зарур хондааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҷилавгирӣ аз нооромӣ дар Тоҷикистон бетараф набошад. Аз ҷумла даъват кардаанд, ки фишору зӯроварӣ дар Тоҷикистон кам карда шаванд ва барои таҳкими марз бо Афғонистон кӯмак ироа гардад. Ин созмон таъкид намудааст, ки камбуди давлатӣ дар Тоҷикистон пеш ҳама “дарди сар” барои Маскав ва Чин хоҳад шуд, зеро Тоҷикистон бо минтақаи низоъхези Чин ҳамсарҳад мебошад.