Туркия хабари ҷорӣ кардани раводид бо Тоҷикистонро рад кард
Сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, хабари бархе расонаҳо дар мавриди ҷорӣ кардани раводид бо 89 кишвар, бо шумули Тоҷикистон, асоси воқеӣ надорад.
Қаблан, бархе расонаҳои туркӣ навиштанд, сар аз якуми июни соли 2016 Туркия бо 89 кишвар низоми раводид ҷорӣ мекунад. Ба иттилои онҳо, чунин муқаррарот яке аз талабҳои Иттиҳодияи Аврупо мебошад, ки Анкара барои шомил шудан ба узвияти ин иттиҳод талош дорад. Аммо Сафорати Туркия дар Душанбе бо нашри як изҳорот гуфтааст, ин хабарҳо ба ҳақиқат наздик нестанд.