Вазир баҳси супоришҳои президентро беодобӣ хонд
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, довталабонеро, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳояш бо мардум барои қабул дар донишгоҳҳои кишвар тавсия медиҳад, бечунучаро дохил карда мешаванд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, имрӯз, 11 январ зимни посух ба суоли “Озодагон”, ки оё довталабҳои тавсиякардаи раисиҷумҳур аз санҷиш гузаронда мешаванд, изҳор дошт, ки супоришҳои президентро бечунучаро иҷро мекунад. Ӯ изҳор дошт, ҳар хизматчии давлатие, ки одоби хизматӣ дорад, супориши раҳбари давлатро масъалагузорӣ намекунад. Вазири маориф таъкид намуд, ҳамаи он нафароне, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд, донишу малакаи хуб доранд ва воқеан аълохону ниёзманданд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқотҳояш бо мардум дар навоҳии кишвар бархе аз ҷавонписарону ҷавондухтаронро интихоб намуда, ба вазири маориф дастур медиҳад, ки онҳоро ба ҳар ихтиссоси интихобкардаашон дар донишгоҳҳо дохил кунад.
Тибқи қоидаҳои дохилшавӣ танҳо аз холҳои гирифта ва натиҷаҳои тесту нишондодҳои компютер вобаста аст, ки довталаб ба кадом муасссиса ва ихтиссос қабул хоҳад шуд. Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо фаъолсозии Маркази миллии тестӣ таъсири омили инсонӣ кам шуда, тағобозию ба истилоҳ “через” аз байн меравад.