Х.Холиқназар: Ҳукумат уҳдадориаш дар бораи афзоиши маошу нафақаро иҷро мекунад
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар уҳдадории худ дар бораи боло бурдани маошу нафақаро соли равон иҷро мекунад.
Тибқи паёми президент ба парлумон маошу нафақа ва идрорпулӣ дар Тоҷикистон бояд аз 1 сентябри соли гузашта баланд мешуданд. Ба гуфтаи оқои Холиқназар буҳрони молӣ болоравии маошу нафақаро дар Тоҷикистон ба таъхир андохт. Раиси МТС дар мавриди он ки ҳаҷми маошу нафақа чӣ қадар боло хоҳад рафт, иттилоъ надод.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, расо як сол қабл, 23-юми январ дар паёми солонааш дар парлумон изҳор дошта буд, аз 1-уми сентябри соли 2015 музди меҳнати мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 15 дарсад, маоши кормандони соҳаи маориф, варзиш, тандурустӣ - 20 фоиз, маоши кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, яъне хона-интернету истироҳатгоҳҳо - 25 фисад зиёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, инчунин ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна 20 фоиз ва идрорпулӣ 30 дарсад зиёд мешавад.
Ба иттилои президент барои амалӣ кардани ин иқдом зарур аст, ки аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Аммо ба далели мушкилоти молӣ Вазорати молияи Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин гуфтаҳои президент маблағ пайдо накард.