CASA-1000 дар меҳвари сафари вазири Покистон ба Душанбе
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири федералии обу энержии Покистон имрӯз 11 январ озими Тоҷикистон мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти покистонӣ, Осиф дар раъси як ҳайат барои ниҳоӣ кардани тарҳи CASA-1000 бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард: “Инчунин баррасии масоили дигари ҳамкорӣ дар дидори дурӯза Осиф бо мақомоти Тоҷикистон дар назар аст”.
CASA-1000 як тарҳи хатти интиқоли барқ аст, ки аз тариқи он интиқоли 300 мегават барқ аз Қирғизистон ва 1000 мегават аз Тоҷикистон ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон дар назар аст.. Малағи умумии ин лоиҳа бештар аз 1 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта ҷонибҳои ин тарҳ қарордоди ниҳоиро дар Туркия имзо карданд. Қарор аст соли равон амалисозии CASA-1000 шурӯъ шавад.