Алшариъа: Шароити молӣ хуб нест, ба ин далел дар урдуи Тоҷикистон иштирок мекунем
Сармураббии тими миллии футзали Эрон гуфтааст, дар урдуи Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Муҳаммаднозим Алшариъа, сармураббии тими миллии футзали Эрон дар нишасти хабарие гуфтааст, шароити молӣ хуб нест ва ба ин далел дар урдуи Тоҷикистон иштирок мекунем. Ӯ дар бораи шароити тими миллӣ ва далели ҳузур дар урдуи Тоҷикистон гуфтааст: “Акнун дар федератсия баҳсҳои молӣ ҳарфи аввалро мезанад ва мо дар ин шароити сахт имкони баргузории урди зиёдро надорем ва ба ин далел дар урдуи Тоҷикистон ширкат мекунем, ки ҳазинае барои мо надорад”.
Қаблан Сайидризо Ифтихорӣ, раиси кумитаи футзали Эрон гуфта буд, баргузор шудани урдуи тими миллии футзали Эрон дар Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳазинаҳои ҳузури Эрон аз сӯи кишвари Тоҷикистон аст. Ин мақоми варзишии Эрон он замон гуфт: “Тоҷикистон ҳам тамоюл дорад, ки мо як урдуеро дар ин кишвар баргузор кунем, вале Эрон тиме нест, ки таҳти ҳар шароит ва даъват посухи мусбат бидиҳад. Дар сурате, ки тоҷикҳо ҳазинаҳои маскан ва билети ҳавопаймои тими миллиро бипардозанд мо ба ин кишвар хоҳем рафт”.