Хоҳари Зарафо Раҳмонӣ: Агар саломатиаш хуб бошад, чаро ҳар ҳафта як халтаи дору мебарам?
Гулдаста Хоҷаева, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, ба ӯ иҷозаи дидор бо апаашро намедиҳанд.
Хонум Хоҷаева 11 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бори охир 4 ноябри соли 2015 бо Зарафо дидор дошт: “Шавҳар ва писари апаам ба наздаш даромаданд, вале шахсан маро иҷозат намедиҳанд. Вақте аз адвокатҳо хоҳиши вохӯрӣ бо апаамро мекунам, мегӯянд, роҳбари гуруҳ иҷозат намедиҳад”.
Зайдуллоҳ Давлатёров, яке аз ду вакили дифои Зарафо Раҳмонӣ имрӯз, 11 январ дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, иҷозат гирифтан барои вохӯрӣ бо наздикони зерҳимояаш вазифаи ӯ нест: “Ман худам назди ӯ даромада истодаам, ҳуқуқҳои ман поймол нашуда истодааст. Қаблан ба хоҳараш иҷозат медоданд, аммо намедонам, чаро чунин шуда бошад”.
Ба гуфтаи оқои Даватёров, дар як моҳ ду маротиб ба хонум Раҳмонӣ иҷозаи дидор бо наздиконашро медиҳанд. “Он ҷо тартибот ва низомномаи худро дорад. Ман ба наздаш даромадам, саломатиаш хуб аст”,-афзуд ӯ.
Аммо Гулдаста Хоҷаева мегӯяд, ба ҳарфи вакилони дифоъ дар бораи хуб будани вазъи саломатии аппаш бовар намекунад: “Агар саломатии Зарафо хуб бошад, пас, чаро ман ҳар ҳафта як халтаӣ дору барои ӯ мебарам?”
Қаблан гуфта шуд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кардааст. Хонум Раҳмонӣ тибқи моддаи 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва моддаи 189 қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) муттаҳам мешавад.
Зарафо Раҳмонӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ҲНИТ баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.