Генерал: Ҷазираи стратегӣ дар марз бо Тоҷикистон аз Толибон гирифта шуд
Генерал Муродалӣ Мурод, ноиби сардори ситоди артиши Афғонистон мегӯяд, ҷазираи “Дарқад”, ки ишғоли он аз сӯи Толибон боиси нигаронии ҳукумати Тоҷикистон гардид, рӯзи якшанбеи гузашта аз силоҳбадастдони толиб озод карда шуд.
Бар асоси гузориши Вазорати дифои Афғонистон 30 тан аз намояндагони гуруҳи Толибон кушта шудаанд. Муродалӣ Мурод ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳузури Толибон дар минтақаи марзии Дарқад дар рӯдхонаи Омӯ боиси нигаронии кишвари Тоҷикистон ҳам шуда буд. Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Ҳакимӣ, фармондеҳи пулиси вилояти Тахор, ки вулусволии Дарқад дар он воқеъ аст, ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон аз ин ҷазира фирор карда дар наздикии марзи Тоҷикисон паноҳ бурдаанд. Ба гуфтаи мақомдорҳои афғон ҷазираи Дарқад ба ҳайси гузаргоҳ аз сӯи қоҷоқбарон ва Толибон бо ҳадафи интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон истифода мешавад.
Вулусволии Дарқад яке аз вулусволиҳои вилояти Тахори Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон мебошад, ки 75 рӯз қабл ба дасти Толибон суқут карда буд. Ин ноҳияи шимоли Афғонистон маҳсур дар обҳои дарёи Омӯ мебошад.