“Ошпази тоҷик зери мили туфанг маҷбур ба хондани суруди миллӣ шуд"
Ҷангҷӯёни "Правый сектор", ҳаракати миллигарои Украина як ошпази тоҷикро маҷбур ба хондани суруди миллӣ кардаанд.
Торнамои “Факти”-и Украина навиштааст, намояндаҳои “Правый сектор” соати 4-и субҳи якшанбеи 10 январ вориди меҳмонхонаи “Ханта Манта”, воқеъ дар осоишгоҳи Драгобрат шуда, шаробу ғизо талаб кардаанд. Яке аз шоҳидони айнӣ ба ин расона гуфтааст: “Онҳоро ғизо доданд. То субҳ ҳаёҳу карданд ва ошпази меҳмонхонаро таҳтид ба марг карданд. Соати 8-и субҳ ҷанги воқеӣ шуд. Ошпази тоҷик зери мили туфанг маҷбур ба хондани суруди миллӣ шуд”.
Шоҳиди дигар гуфтааст, ҷангҷӯёни "Правый сектор" ба Ханта Манта омада, талаби меҳмондорӣ карданд. Вале аз пардохтани пул сарпечӣ карданд: "Вақте ки посбони меҳмонхона ба онҳо ҳушдор дод, ӯро шадидан латту кӯб намуданд. Пойи ошпазро шикастанд ва меҳмононро ҳам азият медоданд. Баъдан, посбонони бинои ҳамсоя ба кумак омаданду ҷангҷӯёнро ба дасти пулис супурданд. Захмиёнро ба беморхона бурданд".