Раиси МТС даъвати Кабирӣ ба Эронро беэҳтиромӣ нисбати Тоҷикистон хонд
Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (МТС) даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломиро ба Эрон “амали хасмона” нисат ба Тоҷикистон номид.
Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе имрӯз, 11 январ гуфт, даъвати Кабирӣ ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” беэҳтиромӣ нисбат ба Тоҷикистон буд. Ӯ афзуд, Душанбе ҳамеша мекушад бо Эрон, ки кишвари ҳамзабони мо аст, робитаҳои хуб ба роҳ монад, аммо чунин амалҳо сабаби заъиф шудани ин робитаҳо мегардад.
Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Даъвати Кабирӣ ба ин ҳамоиш бо интиқоди Душанбе рӯбарӯ шуд. Вазорати умури хориҷӣ ба сафири Эрон дар Тоҷикистон "нота" супурд ва бархе аз мақом ва ниҳодҳо бо нашри изҳоротҳо ба он вокуниши тунд нишон доданд.