Ҳалокати мусофири 20-солаи “БМВ” дар Суғд
Як ҷавони 20-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пайи бархӯрди мошин ба симчуби канори роҳ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса 8 январ дар рӯбарӯи беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, ронандаи 19-солаи “БМВ”, сокини шаҳри Қайроққум ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби бетонии канори роҳ бархӯрдааст”.
Бар асари ин ҳодиса мусофири мошин, ҷавони 20-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда дар беморхона бистарӣ шудааст.