Муҷозоти 211 корманди пулис дар пайи шикояти шаҳрвандон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи шикояти шаҳрвандон аз амалҳои ғайриоинномавии кормандони пулис 211 кормандашро ба ҷавобгарӣ кашидааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони боварии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва роҳбарияти раёсатҳо дар қатори афроди дигар, аз амалҳои ғайриоинномавии кормандони милиса ҳам шикоят шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар асоси чунин шикоятҳо нисбати 211 корманди милиса чораҳои интизомӣ андешида шудааст: “Аз ҷумла аз рӯи муроҷиатҳо ба Вазири корҳои дохилӣ 94 нафар, аз рӯи муроҷиатҳо ба сардорони Раёсатҳои вилоятҳои Суғд 90 нафар, Хатлон 18 нафар, минтақа ва ноҳияи Рашт 9 нафар ба ҷазоҳои интизомӣ ҷалб карда шудаанд”.
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, дар маҷмӯъ, соли 2015, тавассути телефони боварӣ 2539 нафар муроҷиат кардаанд: “Ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1340 нафар, ба телефони боварии сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе 30 нафар, вилоятҳои Хатлон 356 нафар, Суғд 728 нафар, ВМКБ 50 нафар ва минтақа ва ноҳияи Рашт 35 нафар”.
Ба гуфтаи манбаъ, 8 нафар оид ба ҷинояти одамкушӣ, 18 кас дар бораи таҷовуз ба номус, 225 тан барои дуздӣ, 292 нафар оид ба латту кӯб, 257 кас дар мавриди барнагардонидани қарз, 41 оиди ситонидани ришва ва ғайра ба телефонҳои боварӣ муроҷиат кардаанд.
Вазорати умури дохилӣ се сол қабл эълон кард, ки барои расидагӣ ба мушкили шаҳрвандон телефони боварӣ таъсис додааст. Телефони боварии вазир 221-21-21, сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, вилояти Хатлон 2-21-313, Суғд 2-26-30-38, ВМКБ 2-22-42-03 ва минтақа ва ноҳияи Рашт 2-21-21 мебошад.