Абдулқодирзода гуфт, бо шарофати президент бори аввал дохили Хонаи Худо шуд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар 15 маротибаи зиёрати Хонаи Худо, бори нахуст имкон ёфт, дохили хонаи рамзии Худованд – Каъбатуллоҳ бишавад. Ӯ аснои суханронӣ қабл аз оғози намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе рӯзи 8 январ гуфт, ин кор “бо фазли парвардигору шарофати Ҷаноби Олӣ” имконпазир гардид.
Қисмати аслии суҳбати оқои Абдулқодирзода дар намози ҷумъа ба зиёрати хонаи Худо аз сӯйи ҳайати бузурги Тоҷикистон, бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмоннавозии Арабистони Саудӣ ихтисос ёфт. Ба таъкиди ӯ, шоҳи Арабистони Саудӣ 300 сарбозро барои ҳифозати ҳайати давлати Тоҷикистон ҳангоми адои Ҳаҷҷи умра муваззаф карда, дари рамзии хонаи Худоро ба рӯи онҳо боз кард. Муфтии Тоҷикистон гуфт, борҳо ба конфронсҳои байналмилалӣ ба ин кишвар даъват шуда ва пешвозгирии бисёре аз раҳбарони давлатҳоро тавассути шабакаҳои арабӣ дида буд, аммо меҳмоннавозии ҳайати Тоҷикистон дар сатҳи баланд сурат гирифту аз он ҳама ба куллӣ фарқ мекард.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар идома аз хайрхоҳии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуд, ки ба гуфтаи ӯ, дар “протокол” барои зиёрати Каъбатуллоҳ на се-чор тан аз наздикон, балки тамоми ҳайатро ворид намуд: “Қалби васеъу хайрхоҳро бинед, ки барои ҳамаи ҳайат иҷозат бигирифт”.
Раиси Шӯрои уламо гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ҳам аснои зиёрати Хонаи Худо ва ҳам дар намозҳояш ҳамеша барои халқу миллат дуо кард: “Худам, фарзандам нагуфтанд, бародарам нагуфтанд, дар ҳаққи халқу миллат дуо карданд. Вақте дар Марваву Сафо ҳам будем, гуфт, ки барои халқу миллат дуо кунед, зеро мо бо ин миллат зинда ҳастем, бо миллатамон саодатманд ҳастем ва бо онҳо ифтихор мекунем”.
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи охири дидори расмӣ аз Арабистони Саудӣ (4 январ) бо ҳайати Тоҷикистон, бо шумули ҳамсар, ду духтар ва домодаш Ҳаҷҷи умра анҷом дод.