Сокини Душанбе бо корд ба ҷавони ҳисорӣ ҳамла карда, пулу телефонҳояшро рабудааст
Кормандони пулис як сокини 21-солаи шаҳри Душанберо бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҷавон 10 декабри соли 2015, тахминан соати 18:00 дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе бо истифодаи корд ба сокини 22-солаи ноҳияи Ҳисор ҳамла намуда, як маротиба ба дасти чапаш задааст: “Сипас, аз ӯ ду адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва маблағи пулӣ – 2000 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Манбаъ мегӯяд, гумонбаршуда дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 7 январ дастгир шудааст: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.