Анастасия Магомедова, пианинонавози 17 солаи зодаи Тоҷикистон, ки волидонаш 7 сол қабл дар Амрико паноҳандагии сиёсӣ гирифтаанд, ба даври ниҳоии озмуни ҳунармандони ҷавони миллии Амрико дар соли 2016 баромадааст.
Тибқи иттилои бунёди “Ҳунармандони ҷавони миллӣ” аз миёни 12 ҳазор довталаб Анастасия ҳамроҳи 165 ҳунарманди навраси дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст: “Даври ниҳоии озмун дар шаҳри Маямии Амрико дар ҳузури ситораҳои намоёни санъати ИМА тайи як ҳафта ҷараён хоҳад дошт”.
Расонаҳои англисзабон навиштаанд, ки Магомедова дар Душанбе таваллуд шуда, аз 5-солагӣ машқи пианинонавозӣ мекардааст. Вақте ӯ 10 сола будааст, оилаашон Тоҷикистонро тарк карда, дар Амрико паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст. Манбаъ навиштааст, ки дар сурат ғолиби мутлақ шудан, Магомедова 10 ҳазор доллар ва имкони дарёфти бурсияи раисиҷумҳури Амрико дар риштаи ҳунарро соҳиб хоҳад шуд.https://www.youtube.com/watch?v=xWAkDRcSLak
Аксҳои Магомедова бо аҳли оилааш: