Вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон ба Душанбе меояд
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон 11 январ, бо сафари ду рӯза ба Душанбе меояд.
Хоҷа Муҳаммад Осиф аснои ин сафар дар ҷаласаи гуруҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор миёни Тоҷикистону Покистон иштирок мекунад.
Қарор аст, вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон бо масъулину роҳбарони баландояи кишвар ҳам мулоқот намояд. Инчунин, дар назар аст ҳайати покистонӣ аз неругоҳи барқи обии “Норак” дидан кунад.