Имоми масҷид Доналд Трамп, мунақиди мусалмононро меҳмонӣ даъват кард
Имоми яке аз қадимтарин масҷидҳои Амрико аз Доналд Трамп, номзади мақоми раёсатҷумҳурии Амрико даъват кардааст, барои шинохти дурусти мусалмонҳо ба меҳмонӣ биёяд.
Тоҳо Тавил, имоми масҷиди “Mother Mosque” гуфтааст, “Ҷаноби Доналд Трамп, биёед, ҳамсояҳо ва ҳамватанҳои худро дурустар бишносед”.
Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки фарҳанги исломӣ фарҳангӣ муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммул аст. Имом ҳадафи ба меҳмонӣ даъват кардани Трампро чунин шарҳ додааст: “Мо мехоҳем бидонем, ки бо ӯ чӣ шудааст? Суханҳои вай моломоли нафратанд, ки алайҳи ҳамватанонаш равона гардидаанд. Моро зарур аст бо ҳам гуфтугӯ кунем”.
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи президентии Амрико буда, алайҳи вуруди мусалмонҳо ба ИМА баромад карда буд. Ӯ моҳи декабри соли сипаришуда зимни яке аз суханрониҳояш гуфта буд, то замоне ки мақомот вазъи феълии ИМА-ро дақиқан баррасӣ карда натавонанд, бояд вуруди мусалмонон ба кишвар ба таври қатъӣ манъ шавад. Ба иддаои вай, мамнӯияти вуруди мусулмонон бояд то замоне боқӣ бимонад, ки намояндагони Амрико маълум кунанд, дар ин кишвар чӣ мегузарад. Раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфтааст, ки пешниҳоди ин номзади ҷумҳурихоҳон “шомили ҳама, аз ҷумла террористҳо ва касоне, ки мехоҳанд ба Амрико муҳоҷират кунанд, хоҳад шуд”.