Қадрдонии Қодирӣ аз зане, ки бо пули Ҳаҷ пул сохт
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз Норбибӣ Дӯстмуродова, зани 80-солае, ки бо пули барои Ҳаҷ ҷамъкардааш дар ноҳияи Ғончӣ пул сохт, қадрдонӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд имрӯз, 8 январ иттилоъ дод, ки бо дастури Абдураҳмон Қодирӣ масъулин ба аёдати Норбибӣ Дӯстмуродова, сокини ноҳияи Ғончӣ рафтаанд. Манбаъ афзуд, аз номи раиси вилоят ба ин зани фаъолу бунёдкор тӯҳфаҳои хотиравии моливу пулӣ тақдим шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Норбибӣ Дӯстмуродова, сокини ноҳияи Ғончӣ бо маблағҳои барои зиёрати Каъбатуллоҳ ҷамъовардааш тирамоҳи соли 2015 дар деҳаи Метк ду пул бунёд намуд, ки деҳаҳои Метку Хишекатро ба ҳам мепайванданд. Маблағҳои сарфкардаи Дӯстмуродова беш аз 100 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешаванд, ки ҳисоби нафақа, кӯмаки фарзандон ва фурӯши меваҳои боғаш ба даст овардааст. Маросими ифтитоҳи пулҳои бунёдкардаи ин зани солхӯрда тирамоҳи гузашта бо иштироки Раиси вилояти Суғд сурат гирифта буд ва он замон Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми ин зани шуҷоъро як корнамоии бузург донист ва амали Норбибӣ Дӯстмуродоваро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ карда буд.