Олим Гадоев: Падарам маро “кидат” кард...
Олим Гадоев, як ҷавони 24-солаи тоҷик, ки бештар аз 5 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст, иддао дорад, падараш фиребаш кардааст.
Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз, 8 январ ба “Озодагон” гуфт, дар шаҳри Перм дар як бозор ҳамроҳи падараш кор мекард ва нақша дошт, ки пул кор карда, хонадор мешавад: “Дар бозор падарам бори худашро савдо мекарду ман ҳамроҳаш кор мекардам. Гуфт занат медиҳам. Лекин дар ин миён падарам зани дигар гирифту моро дигар фаромӯш кард. Ҳоло ман як сол мешавад ба Ватан баргаштаам, ин ҷо ҳамроҳи модару хоҳаронам ҳастам. Падарам на пул мефиристаду на занг мезанад. Моро “кидат” кард”.
Олим Гадоев мегӯяд, ҳоло барои хонадор шудан маблағ надорад ва дар ҷустуҷӯи ҷои кор аст. Гадоев афзуд, афроде, ки метавонанд барои пайдо кардани ҷойи кор ба ӯ кӯмак кунанд, тариқи рақамҳои телефонаш - 900885557 тамос бигиранд.