Умедвории Раҳимзода аз сафири нави Туркия барои мубориза бо террористҳо
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 7 январ зимни мулоқот бо Аҳмад Осим Арар, сафири навтаъини Туркия дар Душанбе изҳори умед кардааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ густариш меёбанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода нахуст Аҳмад Осим Арарро ба муносибати таъиноташ ба мақоми сафирӣ табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул муваффақият таманно кардааст: “Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор намуданд”.
Зикр гардидааст, ки ҳамкориҳо дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва ҷиноӣ аз 6-уми майи соли 1996 амалӣ карда мешаванд: “Ҳамкориҳои ду вазорат дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ ва ҷиноятҳои муташаккил аз 7-уми ноябри соли 2011, рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодаанд”.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Аҳмад Осим Арар зимни мулоқот изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монда шуда, дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои фаромиллӣ дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ мубориза бурда мешавад.