Даргузашти Гурез Зарипов, раҳбари пешини Хадамоти гумрук
Гурез Зарипов, генерал–майори хадамоти гумрук дар сини 68-солагӣ даргузашт.
Як манбаъ аз Хадамоти гумрук ба "Озодагон" гуфт, оқои Зарипов аз маризии саратон ранҷ мекашид. Ба қавли ӯ, "ҷанозаи Гурез Зарипов рӯзи гузашта (7 январ) дар зодгоҳаш, ноҳияи Сарбанд ба хок супурда шуд".
Гурез Зарипов соли 1947 ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи аграрӣ ва соли 1999 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Аз соли 1998 то 2002 ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият намуда, моҳи апрели соли 2006 дар курсии муовини аввали Вазорати даромад нишаст. Моҳи декабри соли 2006 раиси Хадамоти гумрук таъин гардид. 30 ноябри соли 2013 дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ эълон кард, ки оқои Зарипов бинобар сабаби ба синни нафақа расидан, аз вазифа озод шуда, курсии ӯ ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ гузошта шуд.