Бо гузашти 5 моҳ ҳанӯз аз Муҳаммад ва Қосимҷон дараке нест
Наздикони ду ҷавоне, ки панҷ моҳ қабл аз сӯи афроди номаълум барои “суҳбат” бурда шуданд, мегӯянд, ҳанӯз дар куҷо будани онҳоро намедонанд.
Муҳаммад Саидови 25-сола ва Қосимҷон Каримови 27-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб, ки дар манзили иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекарданд, аз моҳи августи соли 2015 ба ин сӯ бедараканд. Марҷона Холмуродова, ҳамсари Қосимҷон Каримов имрӯз, 7 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 22 августи соли сипаришуда 10-12 нафар афроди барои онҳо ношинос ба манзили иҷораи онҳо омада, шавҳар ва дӯсташро бо худ бурданд: “Ҳамаи онҳо либоси мулкӣ дар бар доштанд, аммо худро кормандони милиса муаррифӣ карданд. Гуфтанд, инҳоро барои суҳбат мебарем”.
Хонум Холмуродова мегӯяд, бо гузашти панҷ моҳ касе намедонад, онҳо дар куҷо ҳастанд. “Борҳо ба мақомот муроҷиат кардем, аммо гуфтанд, ин ду нафар дар ҷустуҷӯи пулис қарор доранд”,-афзуд ӯ.
Зебуниссо Торонова, модари Муҳаммад Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қаблан Муҳаммад ва Қосимҷон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд. Модари Муҳаммад мегӯяд, агар фарзанди ӯ воқеан гунаҳкор бошад, мувофиқи қонун ҷазояш бидиҳанд: “Лекин 5 моҳ мешавад аз писарам хабаре нест, мо чанд бор ба мақомоти интизомӣ ва амниятӣ муроҷиат кардем, то бидонем, ки писарам дар куҷо аст. Ман модар ҳастам, бояд донам, ки фарзандам дар куҷо асту чӣ ҳол дорад, аммо ба мо посух доданд, ки фарзандатон ҳоло дар ҷустӯҷӯ аст”.