АКС: Навбатпоӣ барои хариди доллари арзон дар маркази Душанбе
Қурби як доллари амрикоӣ дар бозори пасипардагии нақд дар Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ то ба 8,25 сомонӣ расид.
Дар ин бора ба “Озодагон” корафтодаҳо хабар дода, афзуданд, ки “бо ин нарх ҳам доллар дар Душанбе камёфт аст”. Ин дар ҳолест, ки расман Бонки Миллии Тоҷикистон барои 7 январ қурби як доллари амрикоиро 7,19 сомонӣ, як евро-7,74 сомонӣ ва 1000 рубли русиро 102 сомонӣ муайян намудааст. Аммо дар амал доллар аз қурби муайянкардаи Бонки миллӣ барои евро ҳам қимматтар фурӯхта мешавад.
Корафтодаҳо мегӯянд, долларро зуҳри имрӯз, 7 январ “Спитаменбонк” дар маркази Душанбе бо арзиши 7,69 сомонӣ ба фурӯш гузошт. Яке аз харидорони доллар, ки дар назди Спитаменбонк навбат меистод, ба “Озодагон” изҳор дошт, ки масъулин баъди зиёд шудани харидорон фурӯши долларро тариқи рӯйхат ба роҳ монданд ва дар охир изҳор доштанд, ки доллар тамом шуд.
Ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон ба қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳоеро пешниҳод намудааст, ки барои фурӯши асъори хориҷӣ дар берун аз бонк ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Аммо мушоҳидон мегӯянд, вақтҳои охир фурӯши қимати доллар аксаран дар худи намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.