Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи бурду бохти иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016
Бонки умумиҷаҳонӣ гуфтааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 4,8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ин нишондод дар соли 2014 ба 4,2% баробар будааст.
Тибқи гузориши ин ниҳоди молии умумиҷаҳонӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе 6-уми ноябр дар Вашингтон нашр шуд, гуфта мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2017 ва 2018 ба таври муътадил- 5,5% рушд хоҳад кард.
Дар баробари ин гузоришгарон таъкид кардаанд, ки иқтисоди Русия дар соли ҷорӣ 0,7 дарсад коҳиш меёбад. Бо зикри пойбандии Тоҷикистон ба иқтисоди Русия, аз ҷумла маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштааст, ки буҳрони Русия ба Белоруссия, Тоҷикистон ва Қазоқистон таъсир мерасонад.
Манбаъ мегӯяд, буҳрони Русия ба кишварҳои Қирғизистон ва Гурҷистон кам таъсир мерасонад ва ба Молдоваю Узбакистон тақрибан таъсире нахоҳад дошт.
Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2016 миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтисоди Туркманистон 8,9% , Узбакистон 7,5% Қирғизистон 4,2% ва Қазоқистон 1,1% рушд хоҳад кард.
Ин ниҳоди молиявӣ дар маҷмуъ изҳор доштааст, ки иқтисоди ҷаҳон дар соли ҷорӣ 2,3 дарсад ва дар соли оянда 3,1 дарсад боло хоҳад рафт.
Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ соли 2015-ро барои иқтисоди ҷаҳон “соли ноумедкунанда” ва соли 2016-ро соли “хатарнок” хондаанд: “Суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ интизороти соли 2015-ро бароварда накард. Дар тӯли ин сол нархи ашёи хом поин рафт, ҳаҷми мол ва сармоя кам шуд ва ноустувории молӣ ба фаъолияти иқтисодӣ таъсир гузошт. Дар дарозмуддат қавӣ шудани рушди иқтисодӣ аз суръати рушди иқтисоди кишварҳои бузург, устувории нархи ашёи хом ва баргаштани Чин ба модели рушди иқтисодӣ вобаста мешавад”.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки 40 дарсади мардуми нодор дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар соли 2015 рушди иқтисодии кунд доштаанд.