Агентии зидди нашъа коргар меҷӯяд
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, озмун барои ба кор гирифтани мутахассисон дар дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, довталабон бояд маълумоти олӣ, синну соли аз 20 то 35 сола ва вазъи хуби саломатӣ дошта бошанд: “Довталабон аз санҷиши хаттӣ, санҷиши сатҳи савияи дониш, санҷиши тайёрии ҷисмонӣ мегузаранд”.
Агентӣ таъкид мекунад, ки ҳангоми интихоби коргар ба ҳуқуқшиносони баландихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва барномаҳои компютерӣ имтиёз дода мешавад. Ба иттилои манбаъ барои ширкат дар озмун аризаи довталабон то 11 феврали соли равон қабул карда мешавад.