Анҷоми нахустин амалиёти пайвандсозии гурда аз модар ба писар дар Хуҷанд
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда аз модар ба писар дар беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд, бо муваффақият анҷом ёфтааст.
Аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд ба «Озодагон» иттилоъ доданд, тайи ҷарроҳии 6 соатӣ ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров бо муваффакқият гурдаи модарашро пайванд кардаанд: «Давоми як ҳафта мешавад, ки номбурда дар шўъбаи эҳё табобат мегирад ва бино ба маълумоти табибон, дар рўзҳои наздик ба назди пайвандони худ бармегардад».
Ба иттилои манбаъ ҷарроҳии мазкур тўли 6 соат аз сўйи табибони маркази пайваст намудани узвҳо ва бофтаҳои шаҳри Душанбе- Бахтиёр Боиров, Оқилҷон Одилов ва Парвиз Назаров иҷро гардид: «Ҳоло табибони номбурда чанде аз мутахассисони беморхонаи шаҳриро бозомўзӣ менамоянд, то минбаъд чунин ҷарроҳиро худашон гузаронанд”.
Ба гуфтаи мусоҳиби “Озодагон” духтурон ният доранд, баъд аз ҷорӣ намудани пайвандсозии гурда, ба пайваст намудани ҷигар низ шурўъ намоянд.