Назоратчии ҳаммом дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон корманди 30-солаи як ҳаммоми замонавӣ дар ноҳияи Ваҳдатро боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ марди боздоштшуда, ба ҳайси назоратчии ҳаммом кор карда, ба ивази маблағ барои алоқаи ҷинсии шаҳрвандон шароит фароҳам меовардааст: “Аз ҷумла муттаҳам 5 январи соли равон аз марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе 150 сомонӣ гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ ба онҳо шароит фароҳам овардааст. Инчунин номбурда ба ивази 150 сомонӣ барои марди 23-сола ва зани 34-солаи сокинони ноҳияи Ваҳдат шароит фароҳам намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.