Баромади Ҳалимов алайҳи Путин, Кабирӣ, Шоҳ Искандар... ва шарҳи хомӯшии тӯлонӣ
Гулмурод Ҳалимов, собиқ командири “ОМОН”-и Тоҷикистон баъди хомӯшии тӯлонӣ рӯзи 1 январи соли равон тариқи пойгоҳи садоии Zello аз худ дарак дода, нодаркор шуданаш барои ДИИШ-ро рад кардааст.
Ҳалимов, зимни ин суҳбат иддаоро, ки баъди маҷруҳшавӣ дигар барои созмони террористии “Давлати исломӣ” даркор несту дар як ҳоли зор қарор дорад, рад карда, хомӯшии тӯлонияшро ба таъмини амнияти худ рабт додааст.
Дар садои нашршудаи Ҳалимов, ки аслӣ буданаш дақиқ нест, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон шиа хонда шудаааст: “Кабирӣ шиа буданашро нишон дод. Ақалан “Давлати исломӣ” меомад, тавба мекард, мо истиқболаш мекардем”.
Ҳалимов инчунин Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро душмани ислом ва мусалмонон хондааст. Ӯ инчунин алайҳи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Шоҳ Искандар, собиқ қумандони мухолифин ва генералии феълии милисаи тоҷик баромад кардааст.
Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад. Ҳалимов тариқи навори видеоӣ сокинони Тоҷикистонро ба кофарӣ муттаҳам карда, ваъдаи қатли онҳоро дод. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, феълан нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.