Истеъфои Қурбонов ва вазифаи нави Соҳибов, домоди президент
Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи тиҷоратии кишвар дар Бритониёи Кабир охири ҳафтаи гузашта раҳбари Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Тибқи иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ассосиатсия Соҳибов Шамсулло Маҳмадуллоевич - намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, аз ҷониби вакилони ҷаласа президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши кишвар интихоб шуд.
Ба иттилои манбаъ Соҳибов дар ин вазифа Ибодулло Қурбоновро иваз намуд, ки ба далели беморӣ аз мақомаш истеъфо дод.
Дар барномае, ки Шамсулло Соҳибов ба вакилони конфронс пешниҳод кардааст, зикр шудааст, ки ӯ ба намудҳои зимистонаи варзиш ҳавасманд мебошад. Дар барнома таъкид шудааст, ки бо дастгирии Соҳибов мактаби замонавии кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш дар Сафед-Дара азнав сохта ва ба истифода дода шудааст ва ба хотири омӯзиш ба варзишгарони намуди лижаронии кӯҳӣ 100 ҷуфт таҷҳизоти махсуси замонавиро тақдим кардааст.
Қаблан исми Шамсулло Соҳибов, ки домоди сеюми Президент аст, замоне расонаӣ шуд, ки Умаралӣ Қувватов, собиқ раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро моҳи декабри соли 2012 боздошт карданд. Он замон Қувватов мегуфт, ки соҳибмулки аслии ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ӯ буд, аммо наздикони Президент, аз ҷумла Шамсулло Соҳибов ин ширкатҳоро аз ӯ рабуданд. Ин иддао баъдан аз ҷониби мудирияти “Фароз” рад карда шуд.