Чин аз тавлиди нахустин хӯлаҳои тилло дар Покрӯд хабар дод
Ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited аз оғози истихроҷи тилло аз кони Покрӯди ноҳияи Ваҳдат хабар дод.
Ву Сян, масъули China Nonferrous Gold Limited дар сомонаи расмии ин ширкат изҳор доштааст, нахустин хӯлаҳои тилло дар Покрӯд 29-уми декабри соли 2015 рехта шуданд. Ӯ ин дастовардро натиҷаи заҳматҳои вазнини коргарон хонда, афзудааст, ки минбаъд тавлидотро зиёдтар мекунанд.
Қаблан Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) эълон карда буд, ки барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд. Луо Тао, раиси ин ширкат дар суҳбат ба Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буд, ки тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз кони Покрӯд бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супорид.
Луо Тао иброз намудааст, ки бо амалӣ намудани ин тасмимаш дар кони мазкур зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё месозад.
Тибқи ҳисобҳои қаблии геологҳои тоҷик дар кони тилои «Покрӯд» беш аз 100 тонна тиллои холис вуҷуд дорад. Ин кон дар 120-километрии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат воқеъ аст.