Интихобот дар ФФТ: Р.Эмомалӣ курсияшро ҳифз мекунад?
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз баргузории интихоботи навбатӣ барои ишғоли курсии президентии ин ниҳод хабар додааст.
Тибқи иттилоияи Федератсияи футболи кишвар конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсия 15 январ дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency" баргузор мегардад: “Зимни ҳамоиш инчунин интихоботи раҳбари Кумитаи иҷроияи ин ниҳод низ баргузор мегардад”.
Рустами Эмомалӣ, ки тайи чор соли охир раҳбарии ФФТ-ро ба уҳда дорад, ба иттилои манбаъ зимни ҳамоиш аз фаъолияти ниҳоди тобеяш дар солҳои 2012-2015 ва оид ба вазъи молии ин ниҳоди варзишии кишвар ҳисобот медиҳад. Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаи тағйиру иловаҳо ба оинномаи ФФТ дар назар аст.
Рустами Эмомалӣ раҳбарии ин ниҳодро тули чор сол аз 5 январи 2012 то ин ҷониб бар уҳда дорад.