Пулис: Тарроҳи ғорати “Соҳибкорбонк” худи “ҷабрдида” аст...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ғорати намояндагии “Соҳибкорбонк” дар шаҳри Конибодом, худи ҷабрдида-Бахтиёр Дадабоев ва ду шиноси ӯ- Рустам Лутфуллоев ва Амир Шарофовро муттаҳам намудааст.
Тибқи гузориши видеоии Вазорати умури дохилӣ Бахтиёр Дадабоев, ки корманди “Соҳибкорбонк” будааст, рӯзи 31 декабр бо халтаи ҳомили 1078 доллар, 116 ҳазор сомонӣ ва 630 ҳазор рубли русӣ аз бинои бонк баромада, дар даромадгоҳ ҳадафи ҳамлаи ду нафар қарор гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ Дадабоев бояд ин халтаро ба “Ориёнбонк” мебурд, аммо дар назди мошинаш як ҷавон давида, халтаро аз дасташ рабудааст ва дигаре омада, ӯро аз пой задааст.
Мақомот мегӯянд, дар пайи амалиёт муайян шуд, ки ташкилкунанда ва коргардони дуздӣ худи ҷабрдида-Дадабоев мебошад: “Феълан алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.