Ду ракаъат намози Эмомалӣ Раҳмон назди равзаи Пайғомбар ва дуову фотеҳа барои Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз анҷоми тавофи Хонаи Худову адои ҳаҷҷи умра аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ рафтааст.
Хадамоти матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, оқои Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғомбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуд: “Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ дар масҷиди набавӣ низ дар назди равзаи пайғамбари ислом ду ракъат намози нафл хонда, барои осудагии мардуми шарафманди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дуову фотеҳаи нек кард”.
Ба иттилои манбаъ, баъди зиёрати равзаи Пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) дар шаҳри Мадина сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ анҷом ёфта, 5 январ ба Душанбе баргаштааст.