Ихроҷи шаҳрванди Бритониё барои таҳқири ғизои миллӣ
Майк Макфит, шаҳрванди Бритониёи Кабир барои монанд кардани ғизои миллии қирғизӣ бо узви таносули асп дар Қирғизистон шахси номақбул эълон шуд.
Қарор дар бораи ихроҷи ин бритониёӣ, корманди ширкати хориҷии истихроҷи маъданҳои куҳии “Сентерра Голд”, аз сӯи додгоҳ шаҳрии Қарокӯл қабул гардид. Бино ба қарори додгоҳ, Макфит 5 январ бояд Қирғизистонро тарк кунад.
Макфит дар остонаи соли нав дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” зери акси ғизои миллии қирғизӣ шарҳ навишта, онро бо узви таносули асп монанд кард. Баъдан ӯ бо талаби кормандони кони тилои “Қумтор” барои ин шарҳаш узрхоҳӣ кард.