(ВИДЕО) Шикояти як модар: Писари маъюбамро дар мактаб-интернат латту кӯб кардаанд
Як сокини 59-солаи шаҳри Душанбе иддао дорад, писари маълулаш дар мактаб–интернати кӯдакони маъюби Чорбоғ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.
Зуҳро Валиева дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар бадани фарзанди 13-солаи маъюбаш – Умедҷон, ки дар Муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғи ноҳияи Варзоб нигаҳбонӣ мешавад, осори латту кӯбро мушоҳида кардааст. Ӯ мегӯяд, фарзандаш аз сухан гуфтан маҳрум аст, аз ин рӯ наметавонад аз вай бипурсад, ки кӣ ба чунин ҳолаш афкандааст. Ба қавли хонум Валиева, вақте аз кормандони ин муассиса пурсид, ки ки чаро дар чашм, даст ва пойҳои писараш нишонаҳои зарби латт мавҷуданд, иҷборан аз дохили мактаб-интернат берунаш карданд: “Ҳар бор ки ба дидани писарам меравам, як ҷояш сиёҳ аст. Ӯро задаанд, газидаанд. Мегӯянд, ки инҷо ҳама кӯдакон беақланд ва ин корҳоро онҳо кардаанд. Як ҳамшираи шафқат маро бо зӯр аз дар берун кард, бадани ман сиёҳу кабуд шуд”.
Модари Умедҷон мегӯяд, вақте шикоятҳояш дар мавриди пайдо кардани омилони латту кӯби писараш беҷавоб монд, маҷбур шуд ба Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шикоят барад: “Ман ҷойҳои сиёҳшудаи бадани писарам ва худамро акс гирифта будам, ба вазир нишон додам. Ӯ ваъда кард, ки ба ин шикояти ман расидагӣ мешавад”.
Ин модари 59-сола меафзояд, “баъди шикоят ба вазир маро ба биное дар пушти ҳайкали Сино даъват карда гуфтанд, ки аз баҳри аризаам бароям, аммо не гуфтам”.
Зуҳро Валиева гуфт, дар пайи шикояташ ба вазири тандурустӣ раҳбари Муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғ алайҳи ӯ ба мақомот шикоят бурдааст: “Навиштааст, ки ба ҳамшираҳо гапҳои қабеҳ мезанад, даъво мекунад”.
Маҳмадулло Қосимов, директори Муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар суҳбат ба “Озодагон” ҳарфҳои Зуҳро Валиеваро беасос хонда, гуфт, “ин зан як каме бемории руҳӣ дорад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар муассисаи онҳо тамоми шароит барои писари Зуҳро Валиева муҳайё буда, нисбати фарзанди ӯ бетаваҷҷӯҳӣ нашудааст: “Гап сари ин аст, ки фарзандашон бемории руҳӣ аст ва худи ин зан ҳам каме бемории руҳӣ дорад. Баъди шикояташ ба вазир, комиссия ташкил карданд, 8 нафар омада, муоинаи тиббӣ гузарониданд, баъдан тафтиш ҳам шуд, вале ин занро қонеъ накард. Ин зан меояд, то бегоҳ назди кӯдакаш меистад ва шабона низ мехоҳад истад, ки мо ингуна шароит надорем. Ҳама вақт як чизро баҳона карда, ана ин хел шуд он хел шуд мегӯяд, ростӣ мо чораи дигар наёфта, маҷбур шудем пешниҳод кунем, то кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо бубинанд”.
Аммо Зуҳро Валиева мегӯяд, бемории рӯҳӣ надорад ва танҳо шикоятҳояш боис шуд, ки дар ҳаққаш туҳмат бизананд: ”Ман сиҳату саломат ҳастам, лозим шавад барои хуб будани вазъи саломатиам ҳуҷҷат пешниҳод мекунам”.