Тасмими нави Русия интиқоли бор аз Украина ба Тоҷикистонро мушкил кард
Мақомоти Украина мегӯянд, дар пайи маҳдудсозиҳои Русия интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Чин ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Наталия Миколская, намояндаи тиҷоратии Украина мегӯяд, дар пайи тасмими нави Русия ба ҳолати 4 январи соли равон интиқоли маҳсулоти украинӣ тариқи Русия қатъ шудааст. Ӯ ба расонаҳо гуфтааст, “низоми интиқол кор намекунад, молҳо бозпас мегарданд. Ин хилофи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо аст. Манъи интиқол ин бадтарин зуҳуротест, ки манофеи кишварҳои сеюмро нақз мекунад”.
Вазорати рушди иқтисоду савдои Украина низ бо як изҳорот тасмими Русия барои манъи интиқолро маҳкум карда, онро хилофи меъёрҳои байналмилалӣ хондааст. Ба иттилои ин ниҳод тариқи Русия ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Чин маҳсулоти озуқа, хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти кимиёӣ, металлургӣ, мошинсозӣ ва ғайра интиқол меёфтанд.
Ҳукумати Русия қарор кардааст, ки аз 1-уми январ интиқоли маҳсулоти украинӣ ба Қазоқистон тариқи Белорусия сурат гирад. Дар сарҳади Русия ва Қазоқистон интиқоли бори Украина танҳо тариқи як гузаргоҳи автомобилӣ ва истгоҳи роҳи оҳани Озинки иҷозат дода шудааст.