Маскав мавлуди паёмбари Исломро дар “Crocus City Hall” ҷашн мегирад
Бахшида ба мавлуди паёмбари мусалмонҳо – Муҳаммад (с) дар Маскав, пойтахти Русия маросими хос баргузор мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, ин маросим таҳти унвони “Мавлуди Набӣ. Гуфтугӯ бо руҳ” 24 январи соли равон дар толори консертии “Crocus City Hall” бо ҳузури наздик ба 7000 нафар доир мегардад.
Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон ва Рустам Миннихонов, президенти Тотористон аз меҳмонҳои ин маҳфил хоҳанд буд. Саида Муҳаммадзиянова, барандаи лоиҳаи “Садо” (Голос) ва беш аз чил овозхони ҳирфаӣ дар ин маросим баромад хоҳанд кард.
Маҳфили Мавлуди Набӣ ҳамасола баргузор шуда, барои шинохти бештари зиндагӣ ва шахсияти Муҳаммад (с), нақши ӯ дар фарҳанг ва таърихи башарият нигаронида шудааст.
Ҳамасола рӯзи 12-и моҳи рабеъ-ул-аввалро мусалмонони ҷаҳон ба унвони мавлуди паёмбари акрам -- Муҳаммад (с) таҷлил мекунанд. Аксар вақт он аз як ҳафта то давоми як моҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар аксар кишварҳои исломӣ ин рӯз расман истироҳат эълон шудааст.