Бино ба қавли вазир, мақсади асосии стратегия таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист мебошад. «Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ аз чор марҳила ва аз мавқеи таърихию иқтисодии бисёрҷабҳа иборатмебошад.Ҳар як марҳила зинаҳои вусъатёбии ҷараёни такмилу таҳкими соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи номбурда, бештар аз 100 нафар мутахассисон дар хориҷи кишвар ва 900 нафар дигар дар дохили кишвар омӯзонида шуданд»,-гуфт Салимов.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар дар доираи стратегия 36 муассиса сохта шуда, 320 муассисаи табобатию профилактикӣ дар 41 шаҳру ноҳияҳои вилоёти Хатлону Суғд бо мебелу таҷҳизотҳо таъмин гардиданд.{jathumbnail off}