(АКС+ВИДЕО) Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсар ва фарзандонаш Хонаи Худоро зиёрат кард
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аксҳои аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон зиёрат шудани Хонаи Худоро нашр кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамроҳ бо президенти кишвар “ҳамсар ва чанде аз фарзандону пайвандон”-и ӯ ҳам қиблаи муъминонро зиёрат кардаанд: “Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ либоси хоси маросими ҳаҷ - эҳромро ба бар карда, бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, маросими умра ё худ зиёрати хонаи рамзии Худоро ба ҷо оварданд”.
Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раисиҷумҳур нашр кардааст, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, ду духтари ӯ – Фирӯза ва Озода дида мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 9 фарзанд -- ду писар ва 7 духтар мебошад. Дар ин аксҳо ҳамчунин домоди раисиҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев, раиси “Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардонов, раиси Шӯрои уламо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода ва вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов дида мешаванд.
Қаблан хабаргузориҳои арабӣ иттилоъ дода буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Арабистони Саудӣ ҳаҷҷи умра анҷом медиҳад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, баъди тавофи хонаи Каъба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд: “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон-хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд”.
Эмомалӣ Раҳмон барои чорумин маротиба ҳаҷи умра анҷом медиҳад ва бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ, “бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ба дохили хонаи рамзии Худо-Каъбатуллоҳ бори дувум ворид шавад ва 2 ракъат намоз гузошта, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку кунад”.