Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4 январ ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сафар кардааст.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои арабӣ Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ барои анҷоми ҳаҷҷи умра дар Ҷидда фуруд омада, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр истиқбол шудааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷидда иттилоъ додааст, аммо аз ҳаҷҷи такрорияш хабаре надодааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷидда бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ мулоқот намуд.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо доир ба масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карда, аз ҷумла аз вазъи ноором ва ҷангу ҷидолҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Афғонистон ва як зумра кишварҳои дигари мусулмонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Доман паҳн кардани терроризму ифротгароӣ, тезу тунд шудани ихтилофоти миёни мазҳабҳо ва дар ин замина афзоиш ёфтани исломситезӣ боиси ташвиши ҷиддӣ номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз манфиатдории Тоҷикистон ба ҳалли фарогири қазияи Афғонистон ёдовар шуда, бори дигар Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои аъзои онро ба мусоидати фаъол ба барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари азияткашида, аз ҷумла аз тариқи эҳёи иқтисодиёти он, даъват намуд.
Ҳарду ҷониб аз қабули "Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ" изҳори қаноат карда, дар чаҳорчӯби он баргузор шудани нахустин Анҷумани сармоягузорӣ барои кишварҳои ин минтақа дар шаҳри Душанберо “қадами хеле муҳим” номиданд.