Алимардон: Бонкдории исломӣ ниёз ба қарзҳои дарозмуддатро қонеъ мекунад
Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк” ва Халид ал-Абудӣ, мудири кулли Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ёддошти тафоҳум ва ҳамкориро ба имзо расондаанд, ки ихтиссоси даҳҳо миллион долларро барои “Агроинвестбонк” пешбинӣ намудааст.
Халид ал- Абудӣ дар маросими имзои ин санад изҳор доштааст, ки тариқи дастгирии молиявии “Агроинвестбонк” дастрасии корхонаҳои хурду миёнаро ба қарзҳо осон месозад. Ӯ изҳор доштааст, ки дар баробари ин бар асоси шариат барои фароҳам кардани лизинги исломӣ, таъмини соҳибкорони хурду миёна бо технология кор хоҳанд кард.
Муродалӣ Алимардон аз имзои санади ҳамкорӣ бо корпоратсияи исломӣ истиқбол намуда, афзудааст, ки “маҳсулоти бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон имконоти зиёд доранд ва метавонанд талаботи рӯзафзунро ба қарзҳои дарозмуддат қонеъ гардонанд. Ин аз нахустин қадамҳост, ки ба рушди соҳибкории хурду миён равона шудааст”.
Имзои ин созишнома дар ҳолест, ки тибқи баррасиҳо феълан вазъи молиявии Агроинвестбонк хуб нест. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори ҳукуматро имзо намуда, тамоми сохторҳо, аз ҷумла қудратиҳоро муваззаф намуд, ки дар баргардондани қарзҳо ба Агроинвестбонк ва беҳбуди вазъи молиявии он мусоидат кунанд.