Бародари Кабирӣ: Падарам ба хона баргашт, вазъаш хуб аст...
Сафарбек Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, падари 95-солаашон, ки субҳи 4 январ аз роҳи Туркия пас гардонда шуд, ба хона баргаштааст.
Сафарбек Кабиров дар суҳбат бо “Озодӣ” изҳор доштааст, ки падараш Тило Кабиров субҳи 4 январ ҳамроҳи наберааш Маҳмуд аз парвози Душанбе – Истанбул пас гардонда шуд ва алакай шаби гузашта ба хонааш дар рустои Қасамдараи ноҳияи Файзобод баргаштааст. Кабиров аз ироаи ҷузъиёти чигуна аз парвози Истанбул пас гардондани падараш худдорӣ карда, афзудааст, ки "вазъаш хуб аст ва дуо мекунем, ки ҳама дар амони Худо бошанд".
Аввалҳои моҳи декабр дар интернет наворе паҳн шуд, ки дар он падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ аз писараш даъват мекард, барои ободии Ватан талош намояд. Дар он навор Тилло Кабиров мегуфт: “Чаро аз Ватан беватан шудӣ? Охир ту ҳам роҳбар будӣ, ҳар кас хато мекунад, аз ҳаққи якдигар гузаред. Агар тавонӣ биё, дар ҳамин ҷо зиндагонӣ кун, агар натавонӣ кори худатро кун”.
Тилло Кабиров дар идома таъкид мекунад, ки писараш назди хориҷиҳо шикоят накунад, зеро ба гуфтаи вай онҳо ба касе боварӣ надоранд: “Эй ҷураи Муҳиддин, барои ободии Ватан меҳнат кун, чи қадаре фоидаат мерасад хуб, агар не, дар ҳаққи Ватани мо ягон гапи зиёдатӣ нагӯ. Мо хубу ганда 90 сол аст, ки дар ин деҳа зиндагӣ мекунем, ягон зарару гапи зиёдатӣ аз мо нарасидааст. Ту низ чунин будӣ, чаро боз гапҳои зиёдатӣ гап мезанӣ. Барои ободии Ватан бикуш. Худо ба роҳбарон тавфиқу инсоф диҳад, ҳамин мамлакати моро орому тинҷ нигоҳ бидорад, ки ором бигардем, то мурданамон”.
Падари Кабирӣ меафзояд, “гапи зиёдатӣ назан, агар зада бошӣ ҳам, бахшиш бипурс. Мо дар ҳаққи шумо, ҷавонон ва дар ҳаққи роҳбари кишвар дуо мекунем. Парвардигоро ҳамин давлати моро тинҷу ором нигоҳ дорад. Ягон майда дар ҳаққи хиёнат гап назан, натавонӣ дам зан, ба гуфти халқ”.
Ин навор баъди он ба интернет роҳ ёфт, ки наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон (ҲНИТ) хабар доданд, ки чанд тан аз аъзои хонаводаашон, бо шумули Тилло Кабирови 95-сола, падари Кабирӣ, Сафарбек Кабирови 54-сола, бародари ӯ, Саида Кабироваи 60-сола, хоҳарбузурги раиси ҲНИТ, Лаълхонум Кабирова, 70-сола, аммаи Кабирӣ (писараш Нарзуллоев Ҷамшед моҳе қабл боздошт шуда буд), Дилором Кабироваи 40-сола, ҳамсари бародари Кабирӣ, Исматулло Нарзуллоеви 74-сола шавҳари хоҳари раиси ҲНИТ, Додуло Нарзуллоеви 38-сола, ҷияни раиси ҲНИТ ба мақомот даъват шудаанд.