Мусоҳибаи Э.Раҳмон: Аз роҳи наҷоти Сурияю Фаластин то бонки саудӣ дар Тоҷикистон ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба Арабистони Саудӣ дар посух суолҳои хабарнигори рузномаи “аш-Шарқ ал-Авсат” изҳор доштааст, ки ин ду кишвар иқтидори бузурги ҳамкориро доранд, вале то ба имрӯз аз он самаранок истифода накардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тиҷоратро мисол оварда, афзудааст: “Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба имкониятҳои мавҷуда ҷавобгӯ набуда, бо амалиётҳои фрагментарии содиротию воридотӣ маҳдуданд. То соли 2014 аз ҷониби саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон каме зиёдтар аз 70 миллион доллари амрикоӣ маблағ дар шакли қарзҳои имтиёзнок ва дигар воситаҳои молиявӣ ворид гардидааст. Ҳамзамон, ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми молиявӣ умуман ба назар намерасанд. Ин нишондиҳандаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавобгӯи имконияту иқтидорҳои ду кишвар буда наметавонанд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки иқтидорҳои васеи молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ аз як ҷониб ва захираҳои бузурги табиию меҳнатии Тоҷикистон аз ҷониби дигар имконияти хуби густариши ҳамкориро фароҳам меоваранд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки ифтитоҳи бонки саудӣ ва ё бахши яке аз бонкҳои Арабистони Саудӣ дар рушди ҳамкориҳо нақши арзишманд хоҳад дошт: “Омодаем таҷрибаи Мамлакатро дар роҳандозии низоми бонки исломӣ омӯзем ва ҳамкорӣ намоем... Дар ин замина ва ҷиҳати омӯзишу арзёбии густурдаи лоиҳаҳо ва барномаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз таъсиси Шурои сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ самимона истиқбол хоҳем кард”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин зарур хондааст, ки хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва яке аз шаҳрҳои бузург ҳарчӣ зудтар ба миён гузошта шавад.
Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддирро хатарҳои глобалӣ хонда, афзудааст, ки воқеан фишори таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро зери хатар мегузоранд: “Мушкилоти аср бори дигар исбот менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Зуҳуроти фалокатбори терроризму ифротгароӣ ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”.
Дар посух ба суол, ки “диди Шумо, аз бҳҳронҳои Яман, Сурия ва қазияи Фаластин, ҳамчунин пайдо намудани роҳҳои ҳалли онҳо чӣ гуна аст”, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст: “Возеҳ аст, ки бӯҳронҳои Яман ва Сурия дар якҷоягӣ бо қазияи Фаластин сулҳу субот ва амнияти минтақаро ҷиддан халалдор менамоянд. Мо, ки дар Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабори ҷанги дохилӣ ва ноамниро дар таърихи навинамон дарк кардаем, бар ин назарем, ки роҳандозии музокироти васеи миллӣ, истифодаи таҷрибаи муколама ва дипломатияи мусолиматомези кишварҳои минтақа ва пеш аз ҳама ҳавзаи Халиҷ таҳти сарварии Мамлакати Арабистони Саудӣ барои ҳалли буҳронҳои минтақаи Ховари Миёна нақши муҳим ва созгор хоҳанд дошт. Дар ҷодаи расидан ба ҳалли сулҳомези буҳрони Сурия ва Яман, таъмини суботи комил ва хотима бахшидан ба хушунату даргириҳои хунин дар ин кишварҳо такя ба имконот ва салоҳиятҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ амри муҳим арзёбӣ мегардад. Умед дорем, ки кӯшишҳои дар чорчӯбаи ин созмонҳо андешидашаванда ба дарёфти роҳҳалҳои сиёсии қазияи Сурия ва Яман мусоидати матлуб хоҳанд кард”.
Зимни ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз вазъи иқтисодии Тоҷикистон суҳбат карда, таъкид намудааст, ки ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам, таъсири буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои ҷаҳонии молия ва ашёи хом, инчунин мавҷудияти монеаҳои сунъӣ дар минтақа, ҳоло ҳам дар роҳи пешрафти кишвар як қатор мушкилихо боқӣ мондаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зикр кардааст, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад: “Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ хавфи офатҳои табиии вобаста ба обро камтар мекунад: “Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад”.
Дар мавриди рушди инфрасохтори нақлиётӣ Эмомалӣ Раҳмон нақшаи сохтмони роҳҳои оҳани байни Тоҷикистон - Афғонистон-Туркманистон ва Тоҷикистону Чинро зикр карда, илова намудааст, ки инчунин “сохтмони марҳалаи дуввуми роҳи мошингарди Тоҷикистон-Чин, ки кишвари моро бо яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодии минтақа -Ҷумҳурии Исломии Покистон низ мепайвандад, дар назар аст”.